Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми блогнависҳои озарӣ бетағйир монд


Додгоҳи олии Озарбойҷон ҳукми зиндони блогнависҳои Эмин Миллӣ ва Аднон Ҳоҷизодаро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Миллӣ ва Ҳоҷизода дар моҳи июли соли 2009 боздошт ва баъди чанде бо ҷурми авбошӣ ҳаркадом ба дувуним соли зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои ҳуқуқи башар ва давлатҳои ғарбӣ аммо ҷароими таҳмилшуда ба гардани ин ду блогнависи озариро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Элтон Гулиев, вакили мудофеъи блогнависҳо ҳукми ахири Додгоҳи олиро шармовар хонда гуфт, ки онҳо акнун ба додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Страссбург шикоят хоҳанд бурд. Аммо додситонӣ вакилони мудофеъи ин ду муҷримро ба сиёсӣ сохтани мурофиа айбдор кард.
Ҳикмат Ҳоҷизода, падари Аднон Ҳоҷизода низ ин парвандаро сиёсӣ ва фарзанди худу Эмин Миллиро маҳбусони сиёсӣ номид. Ӯ гуфт, ки Эмин Миллӣ ва Аднон Ҳоҷизода дар торнамои интернетии худ сиёсатҳои ҳукуматро ба риштаи танз мекашиданд ва ба ҳамин далел алайҳи онҳо парванда сохтанд.
XS
SM
MD
LG