Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Русия пешнависи қонун дар бораи "муҳоҷирони варзидаи корӣ" барои тасвиб ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст. Ба чунин муҳоҷирон коршиносони варзидаи кишварҳои Шӯравии собиқ дохил мешаванд.

Матбуоти Русия менависад, дар сурати қабули ин қонуни ба истилоҳ "элитний мигрант", дар минтақаи муайян бо қарордод кор мекунад. Тибқи ин қонун, ба чунин муҳоҷирон ё коршиносони варзида фавран барои се сол даъватнома ва қарордод медиҳанд.

Онҳо мисли муҳоҷирони кории дигар 30 дарсад андоз намесупоранд, балки мисли шаҳрвандони Русия танҳо 13 дарсад андоз мепардозанд. Гузашта аз ин, тибқи қарордод кордиҳандагони Русия, барои онҳо тақрибан 60 000 доллар дастмузди яксола муқаррар мекунанд. Аъзои хонаводаи онҳо дар тамоми муддати корашон метавонанд дар Русия зиндагӣ кунанд.

Дар як нишасти хабарӣ, Екатерина Егорова-муовини раиси Хадамати муҳоҷиратии Русия дар Маскав гуфт, коршиносони варзидаи хориҷӣ, яъне Шӯравии собиқ ҳанӯз ҳам хеле камтар Русияро барои кор интихоб мекунанд.

Шояд вай бо чунин суханон ин нуктаро дар назар дорад, ки коршиносони варзида ё онҳое, ки мехоҳанд ба истилоҳ "элитний мигрант" бошанд, бештар Аврупову Амрикоро барои кор муносиб мешуморанд.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Бурӣ Каримов-таҳлилгари тоҷики муқими Маскав дар ибтидо аз вай пурсидам, ки то чӣ андоза ин қонуни Русия метавонад муваффақ бошад?

Посух: Ба назарам чунин мерасад, ки ин тарҳ муваффақ мешавад. Ба миён омадани тарҳи қонун дар бораи мигрантҳои элитний ё варзида барои кишвари Русия зарур аст. Ин кишвар хеле калон аст, иқтисодаш дар маҷмӯъ, пеш аз ҳама саноаташ ва гузашта аз ин бахши кишоварзиаш талаб мекунад, ки мигрантҳо зиёд бошанд. Вале ин конун, ки бад-ин васила мехоҳанд коршиносони варзидаро ба кор ҷалб кунанд, албатта ба фоидаи иқтисоди Русия ва бар зарари кишварҳоест, ки чунин коршиносони варзида аз он ҷо ба Русия меоянд. Аз як тараф инро Русия мехоҳад ва аз тарафи дигар, мисол, Тоҷикистон, Қирғизистон ё Арманистон худи мардум мехоҳанд, ки ба Русия биёянд. Албатта, бо ин роҳ метавонад ҳам рушди иқтисоди дохилиро боло барад ва ҳам ҳадафҳоеро, ки дар доираи кишварҳои муштаракулманофеъ манфиатҳои худашро дар кишварҳои мо, дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дорад, пиёда созад. Ин дар гузашта ҳам буд, дар давраи Шӯравӣ, дар кишварҳои Аврупо ҳам ба чашм мерасид. Чунин кор имрӯз пеш аз ҳама ба нафъи Русия аст. Баъзан раҳбарони кишварҳои мо намефаҳманд, ки ба ин васила онҳо қудрати кишвари худро заиф мекунанд. Вале кишварҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ин ресурси ақлониро истифода кунанд. Ҳамаи он қуввату қудрати давлат, ки барои тарбияи ресурсҳои ақлонӣ сарф мешавад, беҳтарин кор аст. Вақте, ки чунин қонун ба вуҷуд меояд, мардум метавонанд бо роҳи қонунӣ кишвари худро тарк кунанд ва дар кишварҳои бегона соҳибмансаб шаванд. Марказҳо ва империяҳо дар гузашта ин корро мекарданд ва ин кор ба фоидаи онҳост.

Пурсиш: Русия дар марҳалаи кунунӣ ё дар даҳсолаи оянда ба коршиносон дар кадом бахшҳо бештар ниёз дорад, ки онҳоро битавонад бо ин қонун ба Русия ҷалб кунад?

Посух: Бештар дар саноат ва дар кишоварзӣ. Аз лиҳози сиёсӣ ҳам. Масалан, онҳое, ки забонро медонанд, ва ҳам онҳое, ки дар сиёсат ҳастанд, онҳо ҳам барои Русия заруранд. Вале бештар оное заруранд, ки иқтисодро дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноати Русия боло мебаранд.

Пурсиш: Фикр намекунед, ки Русия ҳангоми ҷалби чунин коршиносон бештар ба онҳое такя мекунад, ки дар даврони Шӯравӣ донишгоҳҳоро хатм кардаанд? Ё фикр мекунед, ки ҳоло ҳам дар кишварҳои Шӯравии собиқ, дар баъзе аз онҳо, муттахассисони хуб тарбия меёбанд ва Русия ба онҳо бовар мекунад?

Посух: Пеш аз ҳама онҳо такя мекунанд ба ононе, ки дар замони Шӯравӣ соҳибихтсисос шудаанд ва забонро медонанд. Вале набояд фаромӯш кунем, ки ҳоло Қазоқистон, Узбакистон ё Озарбойҷон кадрҳои худро дар Амрико ва дар Аврупо ҳам тарбия мекунанд. Онҳо бештар забони англисиро медонанд. Истифодаи чунин кадрҳо низ ҳадафи Русия аст.

Пурсиш: Фикр мекунед, ки Русия чунин коршиносонро дар сатҳи зарурии зист дар кишвари худ нигоҳ дошта метавонад, он гуна, ки дар Аврупол ё Амрико ҳаст?

Посух: Албатта то он сатҳе, ки ин корро дар Амрикову Аврупо мекунанд, Русия ин корро карда наметавонад, чунин имконотро надорад, вале кӯшиши ин корро карда истодааст. Он маблағе, ки ба тоҷик, қирғиз ё ба узбак пешниҳод мешавад, аз Амрикову Авпупо чандин бор камтар аст, вале аз маблағе, ки дар Осиёи Марказиву Қафқоз медиҳанд, зиёд аст. Ба ҳар ҳол метавонад коршиносни варзидаро аз Осиёи Марказиву Қафқоз ба Русия ҷалб кунад. Ин қонуни нав, ки ҳоло пешниҳод шудааст, бояд масъулини кишвари моро ба андеша орад, ки аз паси пеш бурдани иқтисоди худ бошем, ҷойҳои зиёди корӣ ба вуҷуд биёрем, на аз паси сохтани меҳмонхонаву тарабхонаҳо, балки аз паси сохтани корхонаву муассисаҳое бошем, ки истеҳсолӣ ҳастанд. Ин корҳоро андешамандони миллат мекунанд. Онҳое, ки ресурси ақлонии кишвари мо ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG