Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА сарбозашро барои ришва дар Афғонистон ҷазо медиҳад


Додситонҳои Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, хостори ҳукми 15 соли зиндон ба сержанти собиқи артиши Амрикоянд, ки дар Афғонистон фурӯши ғайриқонунии сӯхтро ба маблағи як миллион доллар ба роҳ мондааст. Майкл Даггери 27-сола аз тарафи додгоҳи Вириҷиниё ба гирифтани 400 000 доллар ришва барои фурӯши ғарйиқонунии маводи сӯхти артиши Амрико дар вилояти Лугари Афғонистон айбдор шудааст. Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, Даггер 15 соли ҳабс хоҳад гирифт ва ба андозаи маблағи дуздӣ ҷарима хоҳад шуд. Муҳокимаи ӯ 5-уми ноябр баргузор мешавад. Шарики ӯ, низ сержанти собиқи артиш Стефан Натан Ринго муҷозот хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG