Пайвандҳои дастрасӣ

WP: Карзай аз ёвари муттаҳам ба ришваташ ҳимоят мекунад


Ба гузориши рӯзномаи "Вошингтон пост", раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай шахсан мудохила кардааст, то як ёвари наздикаш, ки бо иттиҳоми ришват боздошт шудааст, озод гардад. Ёвари аршади Карзай, Муҳамадзиё Солеҳӣ ҳамчунин барои тамоси телефонӣ бо ошӯбгарони толиб боздошт шудааст. Ҳукми ҳабси ӯро додситони кулли Афғонистон содир кардааст. Рӯзнома аз чанд мақоми афғон нақли қавл кардааст, ки бо парванда ошно будаанд. Сухангӯи Карзай, Ваҳид Умар аз шарҳи иттиҳомот худдорӣ кард, аммо мушовири ҳуқуқии Карзай, Насруллоҳ Станекзай мудохилаи президентро барои озодии Солеҳӣ рад намуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG