Пайвандҳои дастрасӣ

Филми Носир Саидов ба ҷашнвораи Қазон меравад


Дар шаҳри Қазон, пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия омодагиҳо ба ҷашнвораи синемои мусулмонӣ "Минбари заррин" ба авҷ расида, қарор аст, ҷашнвора 15-уми сентябр ифтитоҳ ёбад. Барои ширкат дар озмун 54 филм, аз ҷумла як филм аз Тоҷикистон баргузида шудаанд. Филми коргардони тоҷик Носир Саидов бо номи "Зӯҳр" дар барномаи аввали ҷашнвора ба намоиш хоҳад омад. Имсол беш аз ҳама филмҳои коргардонҳои эронӣ ва нахустин бор филме аз Ӯзбакистон дар ин сабқат ширкат мекунанд. Филмсозони тоҷик дар гузашта аз барандагони ҷоизаи аввали ин ҷашнвора будаанд.
XS
SM
MD
LG