Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши ҳамкориҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон


Тоҷикистон ва Афғонистон тасмим гирифтанд, дар мавзеъи Лангари ноҳияи Ишкошим, дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон як бозори нави наздимарзӣ бунёд кунанд. Ин тасмим дар ҷаласаи кумиссюни муштараки вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва Афғонистонгирифта шудааст. Ин чаҳорумин бозори мушатараки марзии ду кишвар дар минтақа хоҳад шуд. Дар ҷаласаи кумиссюни муштарак ҳамчунин қарор шудааст, барои интиқоли гирифторони бемориҳои сангин аз Бадахшони Афғонистон ба бемористонҳои Тоҷикистон сабукиҳои убур аз марз дода шавад.
XS
SM
MD
LG