Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Иттиҳодияи Аврупо аз нақзи ҳуқуқи лӯлиҳо


Иттиҳодияи Аврупо (ИА) аз ҳама гуна нақзи ҳуқуқи лӯлиҳои муқими Аврупо нигарон аст. Намояндаи ИА Мэтю Нюман дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел гуфт, ки ҳамоиши лӯлиҳо ба оилаи ягонаи аврупоӣ – яке аз авлавиятҳои сиёсати Комиссиюни Аврупо маҳсуб мешавад. Гуфта мешавад, ки ИА барои ин ҳадаф 17,5 миллиард евро тахсис додааст.
Дар ҳамин ҳол имрӯз 60 лӯлӣ тавассути ҳавопаймо аз шаҳри Лиони Фаронса ба Руминия истирдод шуданд. Ҳукумати Фаронса гуфт, тақрибан 700 лӯлие, ки ғайриқонунӣ дар кишвар мезистанд, аз кишвар берун карда мешаванд. Ин лӯлиҳо шаҳрвандони Руминия ва Булғористонанд. 79 лӯлие, ки ихтиёрӣ барои тарки Фаронса розӣ шудаанд, 300 евро ҷубронпулӣ мегиранд.
Ҳукумати Фаронса тасмим гирифтааст, ки истирдоди лӯлиҳоро то охири моҳи август анҷом диҳад. Ҳамчунин тайи се моҳи оянда тақрибан 300 қароргоҳи ғайриқонуниии лӯлиҳо аз байн бурда хоҳад шуд.
Аз тасмими ҳукумати Фаронса барои аз кишвар берун кардани лӯлиҳо аҳзоби мухолиф ва ҳомиёни ҳуқуқи башари кишвар интиқод карданд.
XS
SM
MD
LG