Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон нигарониҳои мақомоти қирғиз дар бораи эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба вилояти Бодканди Қирғизистон тавассути қаламрави Тоҷикистонро иддаои бепояву асос хонданд.

Абдулло Назаров, сардори раёсати амнияти миллии Бадахшони Тоҷикистон гуфт, ниҳодҳои он кишвар ба гумони ғолиб барои исботи ин нигаронӣ далели мӯътамад надорад, зеро ин гуна далел аслан вуҷуд надорад:

«Шояд онҳо аз интернет ягон хабар хондаанд. Аммо он чӣ марбут ба Тоҷикистон аст, ки аз ин ҷо террористону тундагроён мегузаранд, бояд ҳамсояҳо мутмаъин бошанд. Мо тамоми тадобирро андешидаем, ки онҳоро боздошт кунем».

Ахиран Султонбек Ойҷигитов, раиси вилояти Бодканд ба хабаргузориҳо гуфт, ки бинобар эҳтимоли вуруди размандагон ба қаламрави вилоят марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон бояд мустаҳкам карда шавад.

Даъвое, ки чанд бор боз матраҳ мешавад

Бори аввал нест, ки мақомоти Қирғизистон аз вуруди аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ба хоки ин кишвар тариқи Тоҷикистон бонги изтироб мезананд. Моҳи июл Кенешбек Дуйшебаев, раиси Хадамоти давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълом дошта буд, ки дар охири моҳ хатари ба Бодканд ворид шудани аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, Ал-қоида вуҷуд дорад. Ҳафтаи гузашта ҳамчунин як изҳорот аз сӯи Амонгелдӣ Муралиев, ноиби сарвазири Қирғизистон садо дод.

Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ду дафъа, солҳои 1999 ва 2000 аз тариқи Тоҷикистон ба вилояти Бодканд ворид шудааст. Он замон ниҳодҳои амниятии Қирғизистон дар қиёс бо ҳамлаварони ҲИӮ талафоти бузург дода буданд.

Расонаҳои Қирғизистон, ба нақли қавл аз мақомоти ин кишвар, менависанд, ки теъдоди номуайяни размандагони ҲИӮ ба водии Фарғона ворид шудаанд. Соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ду узви ин ҳаракат бар асари як даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шуда буданд. Тайи солҳои ахир даҳҳо узви ин созмон боздошт шуда, ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд.

ҲИУ дар шимоли Афғонистон

Аммо изҳороти мақомоти қирғиз дар ҳоле пахш шуд, ки ҳафтаи гузашта дар вилояти Қундуз дар пайи як даргирӣ 8 узви созмонҳои террористӣ, ба шумули ҲИӮ кушта шуданд. Чанде пеш ҳамчунин мақомоти амниятии Афғонистон се даҳшатафкани мусаллаҳро боздошт кардаанд, ки гуфта мешуд шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Бо вуҷуди ин боздошту даргириҳо мақомоти вилояти Қундуз, ки маҳалли асосии амалиётҳои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар Афғонистон унвон мешавад, хатари ин созмонро бузург намеҳисобанд.

Муҳаммадрозиқ Ёқубӣ, раиси хадамоти амнияти вилояти Қундуз ба Радиои Озодӣ гуфт, аъзои ин ҳаракат аслан дар се соҳа — Гӯрдара дар шимоли шаҳри Қундуз, вулусволиҳои Дашти Арчӣ ва Имом Соҳиб гоҳо аз худ дарак медиҳанд. Далели интихоби ин созмон қарор гирифтани Қундузро оқои Ёқубӣ ин гуна шарҳ дод:

«9 сол қабл дар замони салтанаташон (даврони ҳукумати Толибон дар Афғонистон) инҳо дар Қундуз пойгоҳ доштанд. Афроде ҳоло дар ин вилоят ҳастанд, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Албатта, онҳо ин ҷо меоянд, ки аз онҳо пуштибонӣ ва мусоидат бинанд. Аммо ягон урдугоҳи ошкори ин ҳаракат вуҷуд надорад. Хеле пинҳонӣ фаъолият мекунанд».

Райиси хадамоти амнияти вилояти Қундуз Теъдоди аъзои ин ҳаракат дар вилоятро беш аз 20 нафар арзёбӣ кард.

Дар ҳоле ки сарукор доштан бо Ҳаракати исломии Ӯзбакистон аз ҷумлаи фаъолиятҳои рӯзмарраи ниҳодҳои амниятии Афғонистону Тоҷикистон аст, далели эҳсоси хатар кардани мақомоти Қирғизистон ба хотири чист? Чунин нигарониҳо кайҳост аз Тошканд садо намедиҳанд, ки ба гуфтае ҳадафи аслии Ҳаракати исломии Ӯзбакистон аст.

"Бозии хоси Русия"

Қосими Бекмуҳаммад, коршинос дар умури минтақа мегӯяд, барои қирғизҳо маълум аст, ки Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ниҳоди ӯзбакбунёд аст ва дар ҷануби Қирғизистон маҳз аз ҷумлаи намояндагони ин миллат ҷонибдори зиёд дорад:

«Аз хатари эҳтимолии Ҳаракати исломии Ӯзбакистон Русия мехоҳад истифодаҳои лозими геополитикии худро дар Осиёи Марказӣ, бахусус водии Фарғона ва минтақаи ҳассоси ҷануби Қирғизистон, ки бо Ӯзбакистон ҳаммарз аст, истифода ба амал биёварад. Ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Қирғизистон низ дар ин амр бозии хоси Русияро пазируфтаанд».

Иддаи дигар аз коршиносон мегӯянд, нигаронии мақомоти қирғиз шояд ба мухолифатҳои марзии тоҷикону қирғизҳо дар навоҳии Ботканду Лайлаки Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон рӯи манотиқи аломатгузоришуданашудаи марз низ рабт дошта бошад.

Аммо Абдулло Назаров, сардори раёсати амнияти миллии Бадахшони Тоҷикистон гуфт мушкилоти марзӣ аз сӯи кумиссиюнҳои муштараки давлатӣ ҳал мешавад, на ба шевае, ки мақомоти қирғиз тасаввур мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG