Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоимов: "Мардум аз истифодаи газ маҳрум мемонад"


Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати “Тоҷиктрансгаз” мегӯяд, ки шояд имсол сокинони Тоҷикистон аз истифодаи газ маҳрум монанд. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Азия плюс ӯ инро бо болоравии қимати газ дар бозори ҷаҳон дар семоҳаи сеюми соли равон ва афзоиши қимати газ барои кишвар аз сӯи Ӯзбакистон марбут кардааст. Шавкат Шоимов гуфтааст, ки айни ҳол қимати ҳазор метр мукааб гази табиии Ӯзбакистон 251 доллар муқаррар шудааст, дар ҳоле, ки дар семоҳаи дуввум он 239 долларро ташкил медод. Шурӯъ аз ибтидои сол Ӯзбакистон қимати газро 42 доллар афзоиш додааст. Ба далели гаронии қимати газ баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон аз истифодаи он худдорӣ мекунанд.
Муовини раиси ширкати гази Тоҷикистон гуфтааст, ки Тошканд ҳаҷми содироти газро барои кишвар коҳиш медиҳад, дар ҳоле, ки Тоҷикистон маблағи қарз барои газро пайваста пардохт мекунад ва ҳаҷми қарз айни ҳол аз 500 ҳазор доллар бештар нест.
XS
SM
MD
LG