Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дэшл: Қирғизистон ба таҳкими демократия ниёз дорад


Том Дэшл, сенатори собиқи амрикоӣ, мегӯяд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои таҳкими демократия дар Қирғизистон бояд аз иқдоми бештар кор бигирад. Раҳбари пешини демократҳо дар Сенати ИМА, ахиран ба ҳайси муовини раиси Пажуҳишгоҳи миллии демократӣ, мақараш дар Вошингтон, аз Бишкек дидан кард. Дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ Том Дэшл гуфт, ки таҳкими демократия дар Қирғизистон ба эътидоли авзоъ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Ӯ афзуд, "ман фикр мекунам, ки мо бояд амниятро дар сартосари кишвар эҳё кунем ва мутмаин шавем, ки ҳимояти зарурӣ аз сӯи полис мавҷуд аст ва мутмаин шавем, ки қонуншиканиҳои қаблӣ мавриди тафтиш қарор доранд. Ман фикр мекунам, ки тафтиши ҳамаҷонибаи байнулмилалии қонуншиканиҳои пешин низ ба мо дар роҳ сӯи фардо кӯмак хоҳад кард".
Моҳи июни соли равон дар ҷануби Қирғизистон низоъи қавмӣ ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он садҳо нафар кушта шуданд. Ҳукумати муваққат тасмим гирифтааст, ки моҳи октябр дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ доир кунад.
XS
SM
MD
LG