Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати ҳомиёни ҳуқуқи башар ба истирдоди лӯлиҳо


Тасмими ҳукумати Фаронса барои аз кишвар берун кардани лӯлиҳо ҳадафи танқиди аҳзоби мухолиф ва ҳомиёни ҳуқуқи башари кишвар гардид. Имрӯз ҳукумат хабар дод, ки истирдоди тақрибан 700 лӯлии муқими кишвар ба Руминия ва Булғористонро шурӯъ кардааст. Ба иттилоъи мақомот, ин лӯлиҳо дар қаламрави Фаронса ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. 79 лӯлие, ки ихтиёрӣ барои тарки Фаронса розӣ шудаанд, тақрибан 400 долларӣ ҷубронпулӣ мегиранд.
Малик Салимкур, яке аз муассисони Гурӯҳи пуштибонӣ аз лӯлиҳои Аврупо, дар сӯҳбат бо телевизиони Reuters гуфт, ки “лӯлиҳо, чун дар харобаҳо ва дар шароити бад ба сар мебаранд, мавриди таъқиб қарор мегиранд ва “барраи қурбони”-и сиёсати амниятии ҳукумат мешаванд. Мақомот фикр мекунанд, ки бо ихроҷи онҳо аз кишвар босамар амал мекунанд. Ва аммо ин лӯлиҳо шаҳрвандони Аврупоянд ва ҳаққи бозгашт ба Фаронсаро доранд”.
Ҳукумати Фаонса тасмим гирифтааст, ки истирдоди лӯлиҳоро то охири моҳи август анҷом диҳад. Ҳамчунин тайи се моҳи оянда тақрибан 300 қароргоҳи ғайриқонуниии лӯлиҳо аз байн бурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG