Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон рӯзномаи иқтисодии "Осиё"-ро баст


Мақомоти Эрон нашри рӯзномаи иқтисодии “Осиё”-ро манъ карданд. Ба иттилоъи Радиои Фардо, муовини вазири фарҳанг ва идораи исломии Эрон Муҳаммад Алӣ Ромин тасмими бастани нашрияи “Осиё”-ро бо чопи матолибе марбут кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, “хилофи одоби ҷомеъаанд ва исрофро тарғиб мекунанд”.
Нашрияи “Осиё” бо нашри матлабҳои интиқодӣ дар бораи барномаҳои иқтисодии ҳукумати Эрон маъруф аст. Аҳмад Алавӣ, устоди донишгоҳи Стокҳолм ба Радиои Озодӣ гуфт, “нашрияи “Осиё” барои чопи ахбору матолибе баста шудааст, ки бесамарии ҳукуматро нишон медиҳад ва, тавре медонем, бесамарӣ баёнгари нотавонии ҳукумат аст”.
XS
SM
MD
LG