Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лӯлиҳо аз Фаронса берун карда мешаванд


Ҳукумати Фаронса изҳор намуд, ки аз имрӯз истирдоди тақрибан 700 лӯлӣ ба Руминия ва Булғористонро шурӯъ мекунад. Гуфта мешавад, ки ин лӯлиҳо дар қаламрави Фаронса ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд. 79 лӯлие, ки ихтиёрӣ барои тарки Фаронса розӣ шудаанд, тақрибан 400 долларӣ ҷубронпулӣ мегиранд. Интизор меравад, ки истирдоди лӯлиҳо то охири моҳи август анҷом ёбад.
Мақомоти Фаронса ҳамчунин изҳор намуданд, ки тайи се моҳи оянда тақрибан 300 қароргоҳи ғайриқонуниии лӯлиҳо аз байн бурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG