Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷои шубҳа нест, ки идомаи фаъолияти мактабҳои тоҷикии Қирғизистон пеш аз ҳама ба таъмини китобҳои дарсии тоҷикӣ бастагӣ дорад.

Аммо Машрабуллоҳ Юсуфов, мудири мактаби миёнаи Андарак-1, воқеъ дар ноҳияи Лолаки вилояти Ботканд, ба Озодӣ гуфт, ки бештари китобҳои хазинаи мактаби онҳоро китобҳои замони шӯравии собиқ ташкил мекунад:

«Таъмини китобҳои забони модариву адабиёти тоҷик, забони русӣ, ҳамчунин китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ моро ба мушкилоти сахт рӯбарӯ кардааст. Агар ин китобҳои дарсӣ дастраси мактаби мо гарданд, сифати таълим ва тарбия боз ҳам беҳбуд хоҳад ёфт».

Ниёзи тоҷикзабонони Қирғизистон ба китобҳои дарсӣ

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки омили дигари ҳастии мактабҳои тоҷикии кишвараш, ба шомил шудани фориғуттаҳсилони он ба донишгоҳҳои Тоҷикистон марбут аст.

Ба гуфтаи Машрабулло Юсуфов, хушбахтона соли равон 13 шогирди мактабҳои Андарак мувофиқи квотаи президенти Тоҷикистон ба донишгоҳҳои мухталифи ин кишвар дохил шуданд. Вай гуфт, соли гузашта як гурӯҳ фориғуттаҳсилони мактабҳои Андарак ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шуда буданд, ки боиси ифтихори онҳост.

Асомиддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек, тайи як сӯҳбати вижа изҳор кард, ки дар ду соли ахир, кишвараш ба хазинаи мактабҳои тоҷикии Қирғизистон беш аз чоруним ҳазор адад китобҳои дарсӣ ройгон интиқол додааст.

Вай мегӯяд: «Ҳазор донаи ин китобҳоро шахсан ҷаноби президент Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Бишкек ба мактабҳои тоҷикӣ тақдим кардаанд».

Сафорат довталабонро кӯмак мекунад

Ба гуфтаи оқои Саидов иқдомоте, ки сурат гирифт, аз таҳкими робитаҳои фарҳангии миёни Тоҷикистон бо Қирғизистон шаҳодат медиҳанд. Сафири Тоҷикистон ҳамзамон тазаккур дод, ки бар пояи шартномаҳои ба имзо расидаи миёни ду кишвар, соли дуввум аст, ки хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

«Бубинед, соли гузашта ба ҷои 25 нафар бо мушкилӣ 17 нафарро ба донишгоҳҳо қабул кардем, сабаб ин буд, ки хоҳишмандон кам буданд. Аммо имсол шумораи довталабон ду-се баробар афзуд. Фақат баъди озмуни аввал 27 нафар довталабон тавонистанд, ки ба донишгоҳҳои тоҷик дохил шаванд».

Асомиддин Саидов изҳор кард, ки имсол мувофиқи эҳтиёҷи довталабони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон кишвараш барои онҳо боз 18 ҷойи иловагӣ ҷудо кард ва довталабон баъди супурдани имтиҳон ва гузаштан аз озмун таҳсилро дар донишгоҳҳои кишвараш идома хоҳанд дод.

Оқои Саидов дар пай ифтитоҳи синфҳои тоҷикӣ дар мактабҳои қамламрави ҷамоати Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар вилояти Боткандро дар ду соли ахир фоли нек арзёбӣ кард.Ӯ гуфт худ шоҳид аст, ки дар ду соли охир дар деҳкадаи Учқӯрғони вилояти Ботканд чор синфи якуми тоҷикӣ боз шуд ва таъмини китобҳои дарсии яке аз ин синфҳоро сафорати Тоҷикистон ба зима дошт.

Вай мегӯяд: «Хабар расид, ки имсол дар Учқӯрғон як мактаби нави миёна бунёд шудааст ва дар радифи синфҳои русиву ӯзбекӣ як синфи тоҷикӣ низ ифтитоҳ кардааст».

Мухторҷон Дадаев, ноиби аввали раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ иттилоъ дод, ки боз нӯҳ хатмкардаи мактабҳои тоҷикӣ аз имтиҳони қабул гузаштанд ва шумораи умумии онҳое, ки ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро ба даст оварданд, ба 36 нафар расид. Вай афзуд, ки шумораи ниҳоӣ 45 нафарро ташкил хоҳад кард.

Ба гуфтаи Мухторҷон Дадаев имсол шумораи донишҷӯёне, ки аз Қирғизистон тибқи квотаи президенти Тоҷикистон дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил хоҳанд кард, нисбати соли гузашта 27 нафар зиёд аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG