Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 нафар дар таркише дар Шинҷон-Уйғур


Бар асари таркиш дар вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Чин 7 нафар кушта ва дасти кам 14 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, дар шаҳри Оқсӯ як мошин инфиҷор кардааст. Ба иттилоъи хабаргузории Синхуа, мақомот таркишро "ҳамлаи террористӣ" арзёбӣ кардаанд ва як гумонбар ҳам боздошт шудааст.
Соли гузашта дар шаҳри Урумчӣ, маркази Шинҷону Уйғур, миёни уйғурҳои маҳаллӣ ва чиноиҳо задухӯрди қавмӣ ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG