Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни ИМА Ироқро тарк мекунанд


Охирин бригадаи ҳарбии артиши ИМА имрӯз аз Ироқ берун шуд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, зиреҳпӯшҳо бо низомиёни амрикоӣ аллакай аз марзи Ироқ бо Кувайт убур намуданд. Қарор аст, ки то охири моҳ амалиёти низомии Амрико дар Ироқ комилан хатм шавад. Бо вуҷуди ин, тақрибан 50 ҳазор низомиёни амрикоӣ то охири соли оянда дар Ироқ боқӣ мемонанд ва ба тамрини афсарону сарбозони ироқӣ машғул мешавад.
Филипп Кроулӣ, намояндаи вазорати умури хориҷии ИМА мегӯяд, ки ҳузури Амрико дар Ироқ идома хоҳад кард ва аммо аз ин баъд он бештари ҳузури мулкӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG