Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдуқодир Баротов ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт


Гурзандози тоҷик Абдуқодир Баротов

Гурзандози тоҷик Абдуқодир Баротов

Абдуқодир Баротов, варзишгари тоҷик, дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур дар мусобиқаи гурзандозӣ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Гурзандози тоҷик дар сабқати интихобӣ, ки 19-уми август баргузор шуд, бо натиҷаи 66 метру 96 сантиметр байни 15 нафар ҷои 9-умро гирифт. Абдуқодир Баротов рекорди шахсиашро 1 метру 96 сантиметр беҳтар кард.

Ислом Иброҳим, аз Миср, бо натиҷаи 73 м 42 см ғолиби сабқати интихобӣ шуд. Денис Круз (Куба) бо натиҷаи 72 м 17 см дуввум ва Мартинас Седис (Латвия) бо натиҷаи 72 м 15 см севвум шуданд.

Ҳамин тариқ, варзишгароне, ки дар сабқати интихобӣ ҷойҳои аз 1-ум то 12-умро ишғол карданд, ба даври ниҳоӣ, ки 23-юми август доир хоҳад шуд, роҳ ёфтанд.

Имрӯз, 19-уми август, боз як варзишгари тоҷик - Даврон Атобоев ба рақобатҳо шурӯъ кард. Вай дар давидан ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 22.61 дар гурӯҳи худ байни 7 нафар мақоми панҷумро касб намуд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар сабқати интихобӣ 28 варзишгар дар 4 гурӯҳ қувваозмоӣ карданд. Сабқати ниҳоӣ аз рӯи давидан ба масофаи 200 метр 22-юми август барпо мегардад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Кристина Зайниддинова дар мусобиқаи камонварӣ ноком гашт. Вай бо касби 494 имтиёз миёни 32 ширкаткунандаи мусобиқаи интихобӣ дар ҷои 30-юм қарор гирифт. Баъдан Кристина дар рақобати як ба як аз варзишгари Русия Татяна Сегина бо ҳисоби 0:6 шикаст хӯрд. Кристина, инчунин, дар сабқати дастаӣ ҳамроҳи Мин Бим Парк, аз Кореяи Ҷанубӣ, аз дастаи Сингапур ва Испания бо ҳисоби 3:7 мағлуб шуд.

Пас аз чаҳор рӯзи мусобиқот, аз рӯи барномаи нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур, дар ҳисоби умумидастаӣ Русия бо касби 22 медал – 10 тилло, 9 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷои аввал мебошад. Чин, ки 17 медал - 10 тилло, 5 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овардааст, дар ҷои дуввум қарор дорад. Мунтахаби Италия бо касби 10 медал – 5 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ севум аст. Аз рӯи шумораи умумии медалҳо бошад, пас аз Русия ва Чин дастаи Австралия бо 14 медал дар ҷои севум мебошад.

Дастаи Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ ҳоло дар ҷои 29-ум қарор гирифтааст ва байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ пас аз Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Укроин, Қирғизистон ва Узбакистон дар ҷои 7-ум мебошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG