Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амнияти мактабҳо» чунин ном дорад лоиҳаи ҷадиде, ки аз сӯйи оҷонсии рушди байналмилалии Амрико ё ЮСАИД ва академияи таҳсилоти вазорати маорифи кишвар, дар макотиби миёнаи Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Ҳадафи аз ин лоиҳа таъмини бехатарии мактаббачаҳо ва тағйири муносибат нисбати кӯдакону нарвасони синни мактабӣ аст. Зеро пажӯҳишҳо муайян кардаанд, ки ҳар кӯдаки 4- ум дар мактабҳои Тоҷикистон худро амну роҳат эҳсос намекунад ва кӯдакону наврасони мактабхон хотирҷамъ нестанд, онҳо аксаран дар таҳлукаву хотирпарешонианд ва танҳойиву бехобӣ мекашанд.

Хушунат ҳам дар мактаб ва ҳам дар хона вуҷуд дорад

Онҳо дар мактаб ё аз сӯйи волидон ба хушунати ҷисмониву равонӣ гирифтор мешаванд.

Парвина Асадова, як масъули лоиҳаи «Амнияти мактабҳо» аз Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико ё ЮСАИД дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, таъмини амнияти хонанда, ҳанӯз аз рӯзи аввали воридшудани ӯ ба мактаб зарур аст, чун танҳо дар ин сурат ӯ метавонад дар фикри омӯзиш бошаду талош кунад, аммо ба қавли Парвина, феълан дар мактабҳо ба ин масъала кам таваҷҷуҳ дода мешавад.

«Агар кӯдак худро дар мактаб бад ҳис кунад, аз муаллим тарсад ва ӯро ранҷонанду таҳқир кунанд, ӯ албатта, ки худро ноамн ҳис мекунад ва ин дар таҳсили ӯ низ таъсири манфӣ гузошт расонид. Дар мактабҳо ҳам ҳолатҳои хушунати ҷисмонӣ ва ҳам равонӣ дида мешавад масалан хонандагонро мезананд, аз дарс пеш мекунанд, ё ба сӯяшон бӯр мепартоянду гуштоб мекунанд ё дашном медиҳанд, нодон ном мебарад, таҳқир мекунанд, мегӯянд, ки ба ту хондан чӣ лозим аст, ту бояд ба шавҳар бароӣ. Баъзан худи омӯзгорон ҳам дарк намекунанд, ки ин амали онҳо хушунат ва зӯроварӣ аст, вақте мо ба онҳо мефаҳмонем мегӯяд, наход мумкин нест, ки камтарак гӯши хонандаи бетартибро тоб дод. Албатта тағйири ин амали омӯзгорон мӯҳлати зиёдеро талаб мекунад.»

Дар ҳамин ҳол Барно Ашӯрова, корманди академияи таҳсилоти вазорати маорифи кишвар, ки ҷиҳати пешгирӣ аз зӯровариву хушунат нисбати кӯдакон бо омӯзгорони мактабҳои музофот кор бурдааст мегӯяд, хонандагони деҳот ба фарқ аз шаҳр бештар ба хушунат дучор мешаванд ва на танҳо аз сӯйи омӯзгорон, балки аз тарафи волидонашон ҳам, ки аз нерӯи онҳо сӯистифода намуда, ба раванди омӯзишашон халал ворид месозанд.

"Онҳо бештар меҳнати фарзандонашон муҳимтар медонанд, то ин ки таҳсили онҳоро. Мо реҷаи рӯзи кӯдакону наврасони деҳотиро тартиб додем. Хонандаи деҳот аз соати шаши субҳ мехезад ба нигоҳубинӣ гову мол ба алафдаравӣ машғул мешавад, ҳамин хел то ба мактаб рафтан ягон лаҳза вақт намеёбад, ки дарс тайёр кунад".

Равоншиносон мегӯянд, ҳамагуна хушунату зӯроварӣ, чӣ ҷисмонӣ ва ё равонӣ дар мактаб ба раванди таълим ва рӯҳия ва рушди кӯдакону наврасон бетаъсир намемонанд ва дар бархе ҳолатҳои боис ба тарки мактаб кардани хонанда мешавад. Шаҳноза, як ҷавоне аз замони мактабии худ мисол меорад, ки як муносибати ғайримаъмулии омӯзгораш ӯро аз дарс дилсар кардаву мехост тарки мактаб кунад.
«Ба ман фақат муаллим мегуфтанд, ки ту бисёр ба занӣ ман монанд ҳастӣ. Ман бисёр шарм медоштам, ҳама ҳамсинфонам маро масхара мекарданд, ки ту занӣ муаллим. Ва ман ҳам дигар ба дарси ин муаллим даромадан намехостам. То ҳоло ин муносибати муаллим дар дилам ҳаст.»

Масъулини барномаи «Амнияти мактабҳо» мегӯянд, феълан омӯзгорони мактабҳо бештар дунболи сари вақт анҷом додани барномаҳои таълимӣ ва соатҳои дарсии худанд ва чун ба дӯши онҳо кори зиёде бор шудааст, барои тарбияи хонандагон кам вақт доранд, ки ин ба таъкиди таҳлилгарони соҳа, яке аз омилҳои аслии афзоиши ҳодисаҳои задухурд миёни хонандагни мактабҳо шудааст.

Низоъҳои байни мактабхонон афзоиш ёфтааст

Низоъҳое, ки дафъаҳои ахир миёни хонандаҳо бо истифода аз корду сангу чуб сурат гирифта, бо захмӣ шудани бархе аз муҳассилини ҷангҷӯ анҷом меёбад.

Барно Ашӯрова аз як пурсиши бунёди атфоли СММ ё Юнисеф, ёдовар шуд, ки дар он беш аз 20 дар сади хонандаҳо иқрор шудаанд, ки қариб ҳамарӯза дар ҷангу задухурдҳо иштирок мекунанд. Хонум Ашӯрова меафзояд, як омили аслии бадҷаҳлу ҷангҷӯ шудани кӯдакону наврасони имрӯз ин аст, ки онҳо зери таъсири бозиҳои ҷангии компютерӣ ва филмҳои саросар аз таблиғи хушунату куштор мондаанд.

Дар воқеъ, солҳои ахир ҳодисаҳои ҷанги гурӯҳии хонандагони як мактаб бо мактаби дигар ва ё байни худ ба як унсури маъмулии ҳаёти мактабӣ табдил шудааст.

Охирин чунин як задухурд, 3 моҳ қабл дар байни хонандагони як мактаби шаҳр сурат гиирфта буд, ки дар пайи он чанд нафар аз захми кор маҷрӯҳ шуда буд. Хонандагон мегӯянд, бо ин васила онҳо нуфузи мактабу маҳалли худро ба қавле боло мебаранд. Ҷамшед ном хонандаи яке аз мактабҳои шаҳр дар ин зимн гуфт:

“Масалан мебиёянд мегӯянд, биёед ҷанг кунем, ё мегӯянд мактаби шумо фалону фалон хел аст, хайр одама сахт мерасад ку, баъд ҳамин хел як ҷойро муайян карда «разбор» мекунем.”

Дар ҳамин ҳол, Парвина Асадова, як корманди лоиҳаи «Амнияти мактабҳо»- и Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико ё ЮСАИД мегӯяд, ин боз ҳам ба муносибати дағалонаи атрофиён ва омӯзгорон бармегардад, ки аксаран мунҷар ба бераҳму бадҷаҳл ба воя расидани кӯдакон мешавад.

«Омӯзгорон фикр мекунанд, бо ҷазо додану дод задан ва маҷбур кардан метавонанд кӯдаконро тарбия кунанд ва вақте кӯдакон 14- 15 сола мешаванд онҳо ҳам мехоҳанд қувваи худро нишон диҳанд ва бо ҳам муносибати хуб намекунанд ҳамдигарро датсгирӣ намекунанд. Ҳоло масалан, чунин ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки кӯдакони аз оилаҳои сарватманд ҳамсолони каамбизоати худро бар ивази маблағ кор мефармоянд ва ё ба ҷойи худ ҷанг меандозанд. Ин ҷо нақши омӯзгор бисёр муҳим аст. Ӯ бояд муносибати дӯстонаро миёни хонандагон фароҳам орад»

Ба ин тартиб, муттахассисон мегӯянд, дар муносибати омӯзгорон бо хонандагони макотиби миёна нофаҳмиҳои зиёд ба мушоҳида мерасад, ки танҳо бо фароҳам овардани фазои хубу дӯстона дар мактабҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон онро нарм кард.

Барои созмон додани чунин як муҳит ва истифода аз роҳҳои дурустӣ муносибат бо хонанда, дар асоси лоиҳаи «Амнияти мактабҳо» дастури нави таълимие таҳия шудааст, ки тибқи он ба муаллимон усулҳои муосири таълимӣ, роҳҳои пешгирӣ ва роҳ надодан ба хушунату дигар масоили муҳим омӯзонида мешавад.
XS
SM
MD
LG