Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози расидани кӯмакҳои густарда ба Покистон


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, тақрибан ними маблағи 469 миллион долларро, ки барои кӯмак ба осебзадагони сел дар Покистон дархост карда буд, ба даст овардааст. Сухангӯи Созмони Милал дар Покистон, Мауризио Ҷулиано, гуфт, баъд аз чанд рӯзи таблиғ кишварҳои кӯмаккунанда акнун мизони фоҷеаро дарк кардаанд, ки бар асари он 1600 нафар кушта ва 20 миллион нафар осеб дидаанд. Иттиҳоди Аврупо эълон кард, ки ба таври илова наздик ба 40 миллион доллари дигар ба Покистон хоҳад фиристод ва бо ин мизони умумии имдоди Аврупо ба 70 миллион доллар мерасад. Кумиссионери Иттиҳоди Аврупо дар умури кӯмакҳои башардӯстона, Кристалина Георгиева, ки ҳафтаи оянда ба манотиқи офатзадаи Покистон сафар карданист, мегӯяд ба ин кишвар фоҷеаи азими башарӣ таҳдид мекунад: "Мо бо фоҷеаи азими башарӣ дар Покистон рoбарӯем. Минтақаи обхезӣ ҳоло аз қаламрави Италия ҳам бузургтар аст, вале сел ба поён нарасидааст." Покистон талош дорад, ҷомеаи ҷаҳониро бовар диҳад, ки кӯмакҳои башарӣ ба дасти гурӯҳҳои ситезаҷӯ нахоҳад афтид.
XS
SM
MD
LG