Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири нави Амрико дар Ироқ ба кор сар кард


Сафири нави Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ имрӯз вориди Бағдод шуд ва эътиборномаи худро ба раисиҷумҳури Ироқ, Ҷалоли Толибонӣ тақдим дошт. Сафорати Амрико дар Ироқ дар изҳороти хеш мегӯяд, Ҷеймс Ҷефрӣ, дипломати собиқадор бо Толибонӣ ва вазири умури хориҷии Ироқ, Ҳушёри Зебарӣ дар Бағдод мулоқот кард. Ҷефрӣ дар ҳоле дар ин мақом Кристофер Ҳиллро иваз мекунад, ки ба поёни вазифаҳои ҷангии нерӯҳои Амрико дар Ироқ ду ҳафтаи дигар мондааст.
XS
SM
MD
LG