Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон донишгоҳи хусусии Ӯш баста шуд


Донишгоҳи Дӯстии халқҳо дар шаҳри Ӯши Қирғизистон баста шуд. Сухангӯи вазорати илму маориф гуфт, вазорат дар оғози ҳафтаи ҷорӣ тамсим гирифт, ки муҷаввизи донишгоҳи хусусии тоҷир Қодирҷон Ботировро лағв кунад. Ботиров яке аз раҳбарони ҷамъияти узбакҳои маҳаллист. Вай барои ташкили даргириҳои миёни қирғизҳову узбакҳо дар моҳи июн гунаҳгор дониста мешавад ва ҳоло дар ҷустуҷӯи ниҳодҳои интизомӣ қарор дорад. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, 150 нафар донишҷӯёни ин донишгоҳ ба донишгоҳи славянӣ гузаронида мешаванд. Аммо ин манбаъ мегӯяд, бастани донишгоҳ бо парвандаи Ботиров иртибот надоштааст.
XS
SM
MD
LG