Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли гузашта 102 корманди имдоди СММ кушта шудаанд


СММ мегӯяд, дар давоми соли гузашта дар саросари ҷаҳон 102 нафар кормандони имдод кушта шудаанд. Дар паёме, ки дар робита бо "Рӯзи ҷаҳонии башарӣ", яъне 19-ӯми август ба нашр расидааст, СММ хотираи ҳамаи ин қурбониёнро гиромӣ дошт. Онҳо ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои башардӯстонаи худ ҷонашонро аз даст додаанд. Дар паёми СММ омадааст, дар маҷмӯъ дар соли гузашта 278 нафар ё кушта шудаанд, ё гаравгон гирифта шудаанд ва ё дар ҳамлаҳо сахт маҷрӯҳ шудаанд, ки он нисбат ба соли гузашта зиёд аст.
XS
SM
MD
LG