Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузоришҳои видеоии Озодӣ аз идомаи Рамазон дар кишварҳо


Зери ин як маҷмӯъа гузоришҳои тасвирии хабарнигрони Озодӣ аз кишварҳои умдатан мусулмоннишин гирдоварӣ шудааст. Ин тасвирҳо аз зиндагии мардуми рӯзадор дар моҳи Рамазон қисса мекунад.


Ифтор барои ниёзмандон дар Кобул

Сарватмандони Афғонистон дар моҳи Рамазон барои мардуми ниёзманд ва мусофир ҳар шом дар масҷидҳо ифтор омода мекунанд. Дар ин навор лаҳзаи ифтор дар масҷиди Пули хиштии Кобул тасвир шудааст.




Намози занон дар Бишкек

Масҷиди ҷомеи Бишкек дар моҳи Рамазон ҳар рӯз моломоли намозгузорон аст. Дар ин масҷид ҷои хосе барои намозгузории занон низ мавҷуд аст. Хабарнигори Озодӣ лаҳзаи нахустин намози таробеҳи Рамазони занони қирғизро рӯи навор овардааст.




Шириниҳо ва картабозӣ дар Бағдод

Бағдодиён дар моҳи Рамазон ғизоро барои таҳияи ифтор асосан аз бозори Соқ - Ал Шарҷа харидорӣ мекунанд. Шириниҳои ин бозор дар моҳи Рамазон хеле маъруф аст. Бархе аз ироқиҳо дар моҳи Рамазон вақти худро бо картабозӣ низ сипарӣ мекунанд.



Намоз ва ифтор дар Боку

Дар пойтахти Озарбойҷон мардон дар моҳи Рамазон дар тӯли рӯз намози худро дар масҷидҳо мегузоранд ва то фаросарии шом он ҷо мемонанд, то ҳамроҳ бо дӯстон ва ҳамсояҳо ифтор кунанд.



Оғози Рамазон дар Қазоқистон

Сокинони Алма -ато, пойтахти пешини Қазоқистон дар рӯзи нахустини Рамазон дар масҷиди ҷомеи ин шаҳр намоз мегузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG