Пайвандҳои дастрасӣ

Тетис Петролиум дар фаъолиятҳои фарҳангӣ кӯмак мекунад


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ширкати Тетис Петролиум Лимитед ё Тетис Таджикистан Петролиум бо сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум имзо карданд. Муҳаммадназир Шарипов-раиси ширкати Тетис Таджикистан Петролиум дар маросими имзо гуфт, ширкати Тетис омода аст барои таҳкими равобити фарҳангии миёни Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳимоят аз ҷамъияти қазоқҳои муқими Тоҷикистон кӯмак кунад. Ҳоло ширкати Тетис Петролиум дар Қазоқистону Тоҷикистон ва Узбакистон дар манобеи нафту гоз фаъолияти худро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG