Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаҳое, ки Медведев бо Раҳмон баррасӣ мекунад


Тибқи иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия Сергей Приходко-ёвари раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, дар мулоқоти Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон вазъ дар Қирғизистон, дар минтақа дар маҷмӯъ ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон , аз ҷумла дар бахши низомӣ-техникӣ баррасӣ хоҳад шуд. Приходко гуфтааст, "ба мо арзёбии раиси ҷумҳури Тоҷикистон на танҳо роҷеъ ба Афғонистон, балки роҷеъ ба Қироғизистон низ зарур аст". Вай афзудааст, "ман фикр мекунам, ки барои президент Медведев нуқтаи назари Раҳмон роҷеъ ба Эрон низ аҳамият дорад".
XS
SM
MD
LG