Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди раҳбари Тоҷикистон дар мулоқоти Сочӣ


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши Сочӣ ба раҳбарони Русияву Покистон ва Афғонистон пешниҳод кард, ки санади муштаракеро дар бораи мубориза бо терроризм ба имзо расонанд. Раҳбари Тоҷикистон гуфтааст, хатари терроризми байналмиллалӣ ба ҷаҳон воқест ва барои мубориза бо он ташрики масоӣ зарур аст. Хабаргузориҳо менависанд, интизор меравад, ки дар Сочӣ мулоқоти алоҳидаи Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон баргузор шавад ва дар он ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳо ва муносиботи дуҷонибаро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG