Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймои дар Чин сарнагуншуда моли кист?


Синхуа-хабаргузории расмии Чин иттилоъ додааст, ки ҳавопаймои низомие, ки рӯзи сешанбе дар шимоли Чин суқут кард, шояд ҳавопаймои Кореяи Шимолист. Хабаргузории Йонапи Кореяи Ҷанубӣ низ гуфтааст, зоҳиран халабони ҳавопаймои Кореяи Шимолӣ талош дошт аз ин кишвари фақири кумунистӣ фирор кунад. Мақомоти расмии Чин таъйид карданд, ки як ҳавопаймои хурд дар шимоли шарқии вилояти Лиаонинги ин кишвар шоми рӯзи сешанбе сарнагун шудааст. Аммо онҳо нагуфтаанд, ки ин ҳавопаймо ба кадом кишвар тааллуқ дорад. Коршиносон мегӯянд, ки он ҳавопаймои кӯҳнаи МиГ-15-и сохти русӣ аст. Ин ҳавопайморо Кореяи Шимолӣ бештар дар тамринҳои худ истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG