Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медведев ба Афғонистон кӯмак ваъда кард


Имрӯз дар шаҳри Сочӣ Дмитрий Медведев-раиси ҷуҳури Русия мизбони ҳамоише бо президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ва президенти ТОҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар ин мулоқот масъалаҳои амниятии минтақа баррасӣ мешавад. Дмитрий Медведев гуфт, Русия барои таъмини амният аз Афғонистон ҳимоят мекунад:

"Русия бидуни шарту шароит аз талошҳои Афғонистон барои барқарории сулҳ дар кишвар ва рафъи душвориҳо, ки дар солҳои ахир бо он рӯ ба рӯ буд, ҷонибдорӣ мекунад. Ва албатта, мо аз муборизаи ҳукумати Афғонистон бар зидди терроризм ҳимоят мекунем. Мо омодаем бо ҳар роҳи имконпазир кӯмак расонем".


Интизор меравад, ки раҳбарони чаҳор кишвар дар поёни рӯз аз маҳофили байналмиллалӣ бихоҳанд, ки ба себдидагони селобҳои Полкистон кӯмак кунанд. Масъалаи ҷилавгирӣ аз интиқол ва қочоқи маводи мухаддир низ дар ин ҳамоиш баррасӣ мешавад. Дмитрий Медведев бо ҳар як аз ин раҳбарон ба таври алоҳида низ мулоқот анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG