Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар номаш мурам, Худованди ҳаждаҳ ҳазори олам худаш ғами бандагонашро мехўрдааст. Дар ҳақиқат худованд кариму раҳим аст.Агар ҳамин моҳи шарифи Рамазон дар вақташ намеомад, ба Худо, ки нисфи мардум аз гуруснагӣ мемурданд.

Нарху маводи хўрока он қадар боло рафтааст, ки гумон мекунӣ дере нагузашта ба моҳ дакка мехӯрад. Баъзан, чунин ба назар менамояд, ки акнун ин нархҳоро танҳо бо дурбин ё телескоп дидан мумкин бошад. Чун стансияи кайҳонии «Мир». Охир ҳамон камбағали бечораӣ телескопро аз куҷо ёбад? На ҳар мактаб телескоп дораду... Ё саҳмияҳои «ихтиёрӣ» харидаамро тоб дода ягон телескопи кўдакона созам? Ба ҳар ҳол ҳамин ҳам фоида...

Воқеан, кӣ медонад: чаро баробари омадани рамазон маводи хўрок қимат мешаваду вақти саршавии мавсими таҳсил, маводи пўшок бо китобу дафтараш, а? ҳа... Ман медонам!

Гап дар ин ки мардуми «шарифу зарифу латиф» - и мо ҳам аз шариату ҳам аз тариқат, ҳам аз диёнату ҳам аз маърифат сахт «хабардор» ҳастанд. Худашон бисёр хуб медонанду хуб дарк мекунанд, ки аз дурўғгўию фиребгарӣ, ҳарду дунёашон сўхтагӣ аст. Бинобарин, «инаш ҳам дар қатори ҳамон» гўён, ҳар номаъқулиеро, ки хоҳанд кардан мегиранд.

Агар, ногаҳон аз ягонтоашон пурси, ки бародар, чаро чунин мекунӣ?.. Медонед вай чӣ ҷавоб медиҳад?

- Муаллим, аҷаб содда ҳастед. О, як гуноҳ кам, як гуноҳ зиёд, чи фарқ дорад?.. Ҷойнамоз дар гарданаш ба намози ҷумъа медаваду онро ба рўи асфалти роҳи мошин паҳн мекунад ва дар сари ҷойнамоз ба шарики дар паҳлўяш истода бо нимовоз маълумот медиҳад: «ҳаму китобу дафтарои мушхурдам дар ёдут ҳаст? ҳамаша кутара ба нархи чакана задум рафт. Як гуруҳи лох ай кадом сағирахона омадан. Задум қасама, ки ин китобу дафтаро, худшон модарзод, ранги мушхурда бровардагияй. Барои ҳами ай китобои муқаррарӣ қимматаракан. Кӯдак, ки мушхӯрдагира дид, дига худуш и китобу дафтара намехӯра».

Дигараш ҳам аз инаш аҷоибтар нест.

- Ма ҳаму гови ай ҷар парида ҳарроммурдаи амакима оварда ба чанд ошхона тақсим кардум... Айби худшон шуд. Дар як ошхонаи ҳоҷиҳо буд, чи буд, ма ҳоли ҳичи нагуфта меган, ки «додар, гуштут фарбеҳ будай. Мо ҳами гушти ту овардагира ай худут бо нархи баланд мехарем. Тамоми гуноҳу савобуш дар гардани хутай». Ма ҳам задум қасама ки мусулмонуму и гова амаким махсус барои ҳами ошхона бонӣ кардагияй... Хай, ростша бугум ма худмам ғалтидани гова дидаги набудум. Ма просто мурдаша ай дара гирифта овардум... Так что кори ма туғрияй!

- Ба сеюмаш, ки «шмоткафурўш» аст, вообще гап нест: ҳамон ҷойнамози дар гарданаш овезон бударо ба харидор нишон дода, қасам мехурад, ки онро, «шахсан худаш, дар Дубай, аз таги пои муллоимоми масҷиди ҷомеи он ҷо дуз... вай... бо пули калон харида гирифтааст». Агар харидор чизеро пай барад, дарҳол боз қасам хўрда ғамгинона илова мекунад, ки биркаи « Made in China»-ашро бошад дар роҳ хитоиҳо аз аламашон заданд... Чунки дуз... харида натавонистанд. Пулашон нарасид.

- Ана акнун боз рамазон омад. Нон эконом. Дар номаш ҷонам, худаш сер мекунад... Фақат кайфи нос... Ана ҳаминро ҳам агар яктарафа мекард, олам аҷаб гулистон мешуд...

- Лекин ман як чизро аниқ накардам: Хайр, барои тўю маъракаю маргу мурда-ку аз ҳақу ҳамсояю хешу табор, қарзгириро манъ карданд. Ну, вай,таъзим... яъне, чи буд, танзим. Акнун барои ордхарӣ ҳам аз ҳамсоя қарз гирифтан мумкин набошад? Охир баробари омадани рамазон даромади оилавии мо базўр ба як халта орд мерасад... Ин кўдакон бошанд, кирмаки ба даҳа даромадагӣ барин даҳан кушода «Те!» гуфтанро медонанд. Нархи бозорро бо телескопи сохтаат мебинию он чор дона мўи мондаат шлапаи колхозиатро мебардорад... ҳатто баъзан аз ваҳм намозат аз хотират мебарояде...

- Боз ба масҷидҳо хўрокбиёриро ҳам манъ карданд. ҳар сол намозакиҳо аз ҳамон оши худои ё арафагии мардумоварда кам кам ба камбағалони атрофи масҷид медоданд, акнун аз он ҳам худо гирифт... Не, не... куфр гуфтам, тавба кардам, худо медоду танзим гирифт, танзим...

Дар покиаш ҷонам, дар ҳамин моҳи шарифи рамазон, дар майнаи холӣ... яъне дар шиками холиат аҷаб фикрҳое пайдо мешаванд. Мумкин аз кайфи нос бошад...

Масалан, ҳамин «коррупсия» ҳам рўза мегирифта бошад? Аз афташ мегирад. Чунки дар ин ҷо калимаи «гирифтан» ҳаст. Ба назари ман ҳар чизе, ки калимаи «Гирифтан» дошта бошад, онҳо мегиранд. ҳамаамон мегирем. Новобаста аз ҷои кору курсию вазифа. Бинобарин ман боварӣ дорам ки имсол рамазонро ҳама «мегиранд». Инаш аз нодорӣ, ваяш барои он ки ба гирифтан одат кардааст... Сеюмаш... Сеюмаш бошад, чуноне ки тоҷикони забондон мегўянд аз «нечего делат»... Ақаллан барои қимматтар фурўхтани ҷойнамозаш, маводи хўрок аз қабили орду равған ва себу шафтолу ё китобу дафтари мушхўрдааш...

Мегираду худаш ҳам намедонад, ки чиро «гирифтааст»...

Шикам холӣ. Бозор пур. Кисса ҳам бо шикам забон як кардагӣ. Яъне хоп-холӣ. Мурад зиндагонӣ...

Дар хонаи мо зи хўрданӣ чизе нест,

Эй рўза бирав ки ман туро хоҳам хўрд.

Носири Хисрави қабодиёнӣ.
Хайр, то ифтори нав...
XS
SM
MD
LG