Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти садҳо нафар афғон бар зидди амалиёти НАТО


Бино ба гузоришҳо, садҳо нафар афғонон имрӯз дар шоҳроҳе ба тазоҳурот баромадаанд. Онҳо бар зидди куштори падару писаре дар ҷараёни як амалиёти нируҳои НАТО дар шарқи Афғонистон даст ба эътироз задаанд ва иддао мекунанд, ки онҳо гӯё дар ҳамин амалиёт кушта шудаанд. Нируҳои НАТО мегӯянд, ки дар амалиёти рӯзи сешанбеи 17-ӯми август аз шаҳрвандон касе осеб надидааст, вале ду шӯришӣ кушта шудаанд. Аммо тазоҳуркунандагон мегӯянд, ки кушташудагон ҳеҷ гуноҳ надоштаанд. Абдулғаффор-сухангӯи пулиси вилояти Нангарҳор мегӯяд, нируҳои НАТО вориди хонае шудаанд ва падару писарро ҳадафи тир қарор додаанд. Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни ин амалиёт се нафари дигар низ боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG