Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазнабардорони тоҷик ба Туркия мераванд


Ду варзишгар, вазнабардори тоҷик дар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Туркия ширкат мекунанд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабаргузории "Авеста" иттилоъ додааст. Низом Сангов ва Хуршед Тӯраев як ҷо бо мураббии худ Бобоҷон Сангов ба Туркия мераванд. Низом Сангов дар бозиҳои олимпӣ дар Пекин низ ширкат кардааст. Мусобиқоти ҷаҳонӣ аз 18 то 30-юми сентябр дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG