Пайвандҳои дастрасӣ

СММ мегӯяд, нисфи маблағ ба селобзадагон таҳия шудааст


Имрӯз СММ гуфт, ки заминаро ҷиҳати таҳияи тақрибан нисфи 469 миллион доллари дархостшуда барои кӯмакҳои фаврӣ ба қурбониёни селобҳои шадиди Покистон фароҳам сохтааст. Маурисио Ҷулиано-сухангӯи СММ дар Покистон гуфт, баъд аз чанд рӯзи таблиғот акнун кишварҳои кӯмаккунанда мизони фоҷеаро дарк кардаанд. Даниел Туле-мудири минтақаии Бунёди кӯдаки СММ ё ЮНИСЕФ дар бораи фоҷеа чунин мегӯяд:

"Мо занону кӯдаконе дорем, ки ба хатар рӯ ба рӯ мебошанд. Онҳо садҳо ҳазор нестанд, балки миллионҳо нафаранд. Занону кӯдакон бештар аз дигарон осебпазиранд. Бадани онҳо дар баробари бемориҳои сироятӣ муқовемати камтар дорад ва онҳо дар шароити ваҳшатбор ба сар мебаранд".

Дар селобҳои Покистон 1 600 нафар ҷон бохтаанд ва 20 миллион нафар осеб дидаанд.
XS
SM
MD
LG