Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Челябински Русия


Дар Русия як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон ба дарахт овехта, кушта шудааст. Қотилони ӯ маълум нашудаанд. Мақомоти интизомии вилояти Челябински Русия мегӯянд, ҷасади ин муҳоҷирро рӯзи 11-уми август дар ҷангале дар наздикии шаҳраки Николаевкаи ноҳияи Еткул пайдо кардаанд. Тафтиши ҳодиса идома дорад ва гуфта мешавад, бино бар натиҷаҳои он тасмимҳои ҳуқуқию қонунӣ гирифта хоҳад шуд. Бо вуҷуди он ки солона дар Русия то 500 шаҳрванди Тоҷикистон кушта мешавад, зиёда аз 1 миллион нафар аз Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кору даромад ба ин ҷо меоянд.
XS
SM
MD
LG