Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай ширкатҳои шахсии амниятиро барҳам медиҳад


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, амре содир кард, ки тибқи он, тайи чаҳор моҳи оянда ҳама ширкатҳои шахсии амниятӣ дар кишвар барҳам дода мешаванд. Сарвари Афғонистон ин ширкатҳоро "боиси бадбахтии ҳаррӯза" дар кишвар номид ва гуфт, ки онҳо "ҳуқуқи мардумро зери пой мекунанд, амниятро хароб мекунанд, Худо медонад, рӯзона дуздӣ мекунанд ва шабона террорист мешаванд".
Тасмими ахири Карзай шояд ба мухолифати нерӯҳои НАТО рӯ ба рӯ шавад, ки барои ҳимояи корвонҳо ва пойгоҳҳои низомӣ аз хизмати ширкатҳои шахсӣ фаровон истифода мекунанд. Ба иттилоъи ҳукумати Афғонистон ба беш аз 40 ширкати шахсии амниятӣ тақрибан 40 ҳазор нафар шомиланд, ки нисфи онҳо афғонҳоянд.
XS
SM
MD
LG