Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки Кобул ба осебдидагони обхезӣ дар Покистон


Ҳукумати Афғонистон ба хотири кумак ба осебдидагон аз обхезии мудҳиш дар Покистони ҳамсоя як миллион доллар ҷудо кард. Вазири молияи Афғонистон Умар Захилвол имрӯз ин кумакро ба сафири Покистон дар Кобул ироа намуд.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки барои эҳёи манотиқи аз обхезии бесобиқа зарардидаи Покистон аз 10 то 15 миллиард доллар зарур аст. Намояндаи расмии ҳукумати Покистон Воҷид Шамсул Ҳасан ба хабаргузории Reuters гуфтааст, ки дар сурати дарёфти ин маблағ эҳёи комили манотиқи осебдида дасти кам панҷ сол идома хоҳад кард. Ба иттилоъи Би-Би-Си, Бонки ҷаҳонӣ мехоҳад барои эҳёи Покистон 900 миллион доллар тахсис диҳад.
Бар асари обхезии бесобиқа, ки панҷяки қаламрави Покистонро фаро гирифт, тақрибан 1400 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз ин офати табиӣ ба 20 миллион сокини кишвар осеб расидааст.
XS
SM
MD
LG