Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои вакили собиқ алайҳи "Чархи гардун"


Намояндаи собиқи Маҷлиси намояндагон Тоҷикстон Саидвалӣ Нуров аз болои ҳафтаномаи мустақили «Чархи гардун» барои чопи матлаби ба гуфтаи вай таҳқиромез, ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Сайвалӣ Нуров, ки аз соли 2005 то 2010 намояндандаи ноҳияи Вахши устони Хатлон дар парлумони Тоҷикистон будааст, ин ҳафтаномаро барои чопи матлабе дар таърихи 27 июн зери унвони «Депутати авбошро говсуд мекунанд?» ба додгоҳ кашидааст.

Намояндаи «Чархи гардун» ба хабаргузориҳо баён доштааст, ки оқои Нуров ин ҳафтаномаро ба иддаи ба гуфтаи худаш бадном кардан ва паст задани шарафу обрӯи шахсиаш ба додгоҳ кашидааст.

Аммо Акбаралӣ Сатторов, муассиси ин ҳафтанома ин иддаъоро рад намуда мегӯяд ки матлаби мазкур муғризона набуда, бо далелу бурҳон нигошта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки алайҳи худи Сайвалӣ Нуров, вакили пешини порлумон низ парванда боз шуда ва мавриди барраси додгоҳ қарор дорад.

Додситонии вилояти Хатлон 17-уми марти имсол алайҳи Сайвалӣ Нуров, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, собиқ муовини раиси вилояти Хатлон ва раиси пешини ноҳияҳои Вахшу Қумсангир, бар асоси чанд банди Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла авбошӣ, қасдан расонидани зарар ба саломатӣ ва монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқи интихоботию кори камиссиюни раъйгирӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.

Додгоҳи шарҳи Қурғонтеппа парвандаи ӯро қатъ намуд, аммо додгоҳи вилояти Хатлон ахиран қарори додгоҳи Қурғонтеппаро кард ва бояд парвандаи Нуров дар додгоҳи ноҳияи Бохтар аз сар гирфита шавад.

Се додрас ва се нашрия

То кунун се додраси Додгоҳи олӣ ва додгоҳи шаҳри Душанбе се нашрияи мустақили "Фараж", "Озодагон", "Азия-плюс"-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашидаанд ва барои ҷуброни маънавӣ аз онҳо 5,5 миллион сомонӣ товон хоста буданд.

Шикояти Фахриддин Додометов, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, Нур Нуров ва Улуғбек Маҳмадшоев, додрасони Додгоҳи Олии Тоҷикистон алайҳи нашрияҳо ва вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев аз сӯи додгоҳи ноҳияи Сино барасӣ мешавад.

Додрасҳо ба таври алоҳида нисбати ҳафтаномаҳо ва ин вакили мудофеъ ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Мӯҳтавои ҳар се шикоят ба изҳороти ахири Солеҳҷон Ҷӯраев, як тан аз вакилони мудофеъ бастагӣ дорад.

«Изҳороти кушодаи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев оиди нақзи ҳуқуқи инсон» дар ду ҳафтаномаи тоҷикӣ ва дар ҳафтаномаи русизабони «Азия – плюс» бо номи «Адвокат уполномочен заявить» мунташир шуд.

Дар ин матолиб, адвокат Ҷӯраев, бо овардани далелҳои ба гуфтаи худаш мӯътамад, бархе аз додрасҳо, аз ҷумла Фахриддин Додометов, Нур Нуров ва Улуғбек Маҳмадшоевро дар баррасии ғайримунсифонаи парвандаҳо, ба хусус парвандаи гурӯҳи 33-нафарии мансуб ба Низомхон Ҷӯраев, соҳиби пешинаи корхонаҳои спирт ва кимиёи Исфара ва қазоватҳои ноодилона мутаҳҳам донистааст.

Аммо ин додрасҳо иддаъо доранд, ки нашрияҳо матолиби худро бидуни санҷидани далелҳои оварда дар изҳороти адвокат Ҷӯраев чоп кардаанд.

"Миллат" ва вазорати кишоварзӣ


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳафтаномаи «Миллат» -ро дар нашри матлаби ба гуфтаи масъулони ин ниҳод дурӯғ мутаҳҳам дониста ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товони маънавӣ карда буд. Вазорати кишоварзӣ гуфтааст, нашрияи «Миллат» дар як мақолаи худ вазоратро ба фасозадагӣ мутаҳҳам донистааст, ки ин тӯҳмат ба номи ин ниҳоди ҳукуматист.

Аммо масъулони "Миллат" мегӯянд, дар матлаби мазкур ҳеҷ тавҳину тӯҳмате ҷой надорад ва он танҳо нақли қавл аз забони вакили маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Сафаралӣ Гулов аст, ки мавридҳои фасод дар вазорати кишоварзиро зикр намудааст. Ва тибқи банди 35-уми Қонуни матбуот, идораи расонаи хабарӣ барои нақли қавли вакили маҷлис масъул ва посухгӯ нест.

Гуфтанист, "Миллат" низ аз болои вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бурда ва хостори пардохти товони як сомонӣ ҷарима шудааст.

Парвандаи мазкур дар дасти баррасии додгоҳи ноҳияи Фирдасии пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.

Тоҷикстандарт ва "Пайкон"


Ин даъвои нашрияҳо бо вазорати кишоварзӣ ва се додрас дар ҳоле идома дорад, ки додгоҳи дигаре нашрияи хусусии "Пайкон"-ро бо даъвои идораи Тоҷикстандарт 300 ҳазор сомнӣ ҷарима бастааст.

Шикояти "Пайкон" аз болои ин қарори додгоҳ дар зинаҳои дигари додгоҳӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Аммо ба қавли коршиносон, афзудани парвандаи "Чархи гардун" ба шумори рӯзномаҳои дучори баҳси додгоҳӣ ҳамчунон бозгӯкунандаи сатҳи муносибат ба матбуот ва таҳаммулнопазирӣ дар муқобили озодии баён дар Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG