Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона дар як посгоҳи Осетияи Шимолӣ


Бар асари таркиш дар посгоҳи милиса дар ноҳияи Пригородное дар Осетияи Шимолӣ як корманди умури дохила кушта ва се нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Русия, дар посгоҳи марзи миёни Осетияи Шимолӣ ва Ингушистон як ҷавон камарбанд бо маводи мунфаҷираро дар ҳоле тарконид, ки кормандони милиса аз ӯ хостори нишон додани аснод шуданд. Гуфта мешавад, ки нерӯи маводи мунфаҷира баробар ба як кило тротил буд.
Хабаргузории “Интерфакс” бо такя бо мақомоти ҳифзи тартиботи Минтақаи федеролии Қафқози шимолӣ иттилоъ додааст, ки яке аз шарикони маргталаб аллакай боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG