Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эркабоев: Низоъи қавмӣ тарҳрезишуда буд


Низоъи байниқавмӣ дар ҷануби Қирғизистон пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд. Дар ин бора раиси Комисиюни миллии тафтиши сабабҳои низоъ Абдуғанӣ Эркабоев иттилоъ дод. Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек ӯ гуфт, ки дар ин ҳодиса раҳбарони ҳам ӯзбакҳо ва қирғизҳо даст доранд. Абдуғанӣ Эркабоев афзуд, ки аъзои комиссиюн ба шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод сафар карда, дар бораи низоъи қавмӣ маводи зарурӣ ҷамъ овардаанд.
Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch дар сар задани нооромиҳо дар ҷануби кишвар мақомоти Қирғизистонро айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG