Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Бағдод 47 нафар ҷон бохтаанд


Мақомоти Ироқ шумораи қурбониёни таркиш дар маркази қабули сарбозон, воқеъ дар мавзеъи Ал-Мидани шаҳри Бағдодро дақиқ карданд. Ба иттилоъи Ҳамид Ас-Саъд, муовини вазири ҳифзи сиҳати Ироқ, дар ин ҳамла 47 нафар ба ҳалокат расида, 77 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ин ҳамла – пурқурбонитарин дар Ироқ дар ҳафтаҳои ахир маҳсуб мешавад. Хушунат дар Ироқ баъд аз интихоботи парлумонии моҳи март афзоиш ёфт. Ин маъракаи сиёсӣ Ироқро вориди бӯҳрон кард ва ду нерӯи бузурги сиёсии кишвар дар мавриди таъсиси ҳукумати нав то ҳанӯз ба созиш нарасидаанд.
XS
SM
MD
LG