Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамсул Ҳасан: Покистон ба кумаки оҷил ниёз дорад


Барои эҳёи манотиқи аз обхезии бесобиқа зарардидаи Покистон аз 10 то 15 миллиард доллар зарур аст. Дар ин бора намояндаи расмии ҳукумати Покистон Воҷид Шамсул Ҳасан дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters иттилоъ дод ва афзуд, ки эҳёи комили манотиқи осебдида дасти кам панҷ сол идома хоҳад кард. Ба иттилоъи Би-Би-Си, Бонки ҷаҳонӣ мехоҳад барои эҳёи Покистон 900 миллион доллар тахсис диҳад.
Дар ҳамин ҳол вазъ дар баъзе манотиқи Покистон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Намояндаи аршади артиши Покистон Тайоб Алӣ Доғар мегӯяд, ки "беш аз 150 ҳазор нафар аз мавзеъи Хайпур фирор карданд. Ҳоло сатҳи об каме пойин шудааст ва бештари онҳо баъд аз як-ду рӯз ба манзилҳояшон бармегарданд. Ва аммо тақрибан 60 ё 70 ҳазор нафар ин ҷо хоҳанд монд".
Ба иттилоъи расмӣ, бар асари обхезии бесобиқа, ки панҷяки Покистонро фаро гирифт, тақрибан 2 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Аз ин офати табиӣ ба 20 миллион сокини кишвар осеб расидааст.
XS
SM
MD
LG