Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба сарбозони навхат дар Бағдод


Таркиш дар маркази қабули сарбозон дар Бағдод даҳҳо кушта бар ҷой гузоштааст. Ба навиштаи хабаргузориҳо, теъдоди дақиқи қурбониён маълум нест ва аммо вазорати ҳифзи сиҳати Ироқ шумораи онҳоро беш аз 40 нафар гуфтааст. Дар ин ҳамла тақрибан сад каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Азиз, як шоҳиди ҳодиса, гуфт, ки "мо дар мавзеъи Ал-Мидан будем. Он ҷо афсарон моро барои қабул ба артиш сабти ном мекарданд. Дар ҳамин ҳол бомб инфиҷор кард".
Ин ҳамла – пурқурбонитарин дар Ироқ дар ҳафтаҳои ахир маҳсуб мешавад. Хушунат дар Ироқ баъд аз интихоботи парлумонии моҳи март афзоиш ёфт. Ин маъракаи сиёсӣ Ироқро вориди бӯҳрон намуд - ду нерӯи бузурги сиёсии кишвар дар мавриди таъсиси ҳукумати нав то ҳанӯз созиш ҳосил накардаанд.
XS
SM
MD
LG