Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати се сарбози НАТО дар Афғонистон


Бар асари инфиҷори бомб ва ҳамлаи интиҳорӣ имрӯз дар Афғонистон се сарбози НАТО кушта шуданд. Дар изҳороти Паймони НАТО омадааст, ки ду сарбози амрикоӣ ва ду сокини маҳаллӣ дар шарқи Афғонистон ба ҳалокат расиданд, як сарбози дигар дар ғарби кишвар ҷон бохтааст. Ҷузъиёти бештар дар ин бора ҳанӯз зери даст нест.
Ба иттилоъи расмӣ, моҳи равон дар Афғонистон аллакай 14 низомии амрикоӣ кушта шудаанд. Хабаргузории Франс-Пресс теъдоди сарбозони байнулмиллалии аз оғози соли равон дар Афғонистон ба ҳалокатрасидаро 436 нафар ҳисоб кардааст.
XS
SM
MD
LG