Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳодур Қодиров, варзишгари ҷавони тоҷик, дар сабқати гуштии озод аз рӯи барномаи нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур бар рақибонаш се пирӯзӣ ба даст овард. Баҳодур Қодиров муборизаро барои медали олимпӣ идома медиҳад.

Вай рӯзи 17-уми август дар рақобатҳо дар вазни то 63 килограмм нахуст бар Муҳаммад Боудра (Алҷазоир) бо ҳисоби 4:0 дастболо шуд. Баъдан Амадеус Перейраро, аз Гвинея-Бисау, бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Рақиби севуми Баҳодур Квинтон Мурфӣ (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) буд. Паҳлавони тоҷик бар гуштигири амрикоӣ бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Баҳодур Қодиров барои медали тиллои олимпӣ бо варзишгари Русия Азаматби Пшнатлов мубориза мебарад.

Дар ин вазн 8 паҳлавони наврас дар ду гурӯҳ рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» гуштигирони ҷавони Русия, Гурҷистон, Австралия ва Эквадор дохиланд.

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки то 26-уми август идома хоҳад кард, инчунин, дар мусобиқот оид ба варзиши сабук (17 - 23 август), камонварӣ (18 - 21 август) ва бокс (21 - 25 август) ширкат меварзанд.

Дар ин навъҳои варзиш Тоҷикистонро даванда Даврон Атобоев, гурзандоз Абдуқодир Баротов, камонвар Кристина Зайниддинова ва муштзан Сиёвуш Зуҳуров намояндагӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки Шукрона Шарифова, варзишгари 15-солаи тоҷик, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи шумораи 94-и шаҳри Душанбе, дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур дар сабқати таэквон-до WTF дар вазни то 44 килограмм медали биринҷӣ ба даст овардааст. Ин аввалин медали олимпичиёни навраси Тоҷикистон дар ин Бозиҳо ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG