Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 16-уми август дар толори варзишии олимпии шаҳри Сингапур қуръакашии сабқати гуштии озод аз рӯи барномаи нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон баргузор шуд.

Наргис Набиева, раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон, аз Сингапур ба радиои Озодӣ хабар дод, ки бар асоси қуръакашӣ гуштигири ҷавони тоҷик Баҳодур Қодиров ба гурӯҳи «В» шомил гардид. Вай рӯзи 17-уми август дар рақобатҳо дар вазни то 63 килограмм бо рақибонаш Муҳаммад Боудра (Алҷазоир), Амадеус Перейра (Гвинея-Бисау) ва Квинтон Мурфӣ (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ба иттилои Наргис Набиева дар ин вазн 8 паҳлавони наврас дар ду гурӯҳ рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» гуштигирони ҷавони Русия, Гурҷистон, Австралия ва Эквадор дохиланд.

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки то 26-уми август идома хоҳад кард, инчунин, дар мусобиқот оид ба варзиши сабук (17 - 23 август), камонварӣ (18 - 21 август) ва бокс (21 - 25 август) ширкат меварзанд.

Дар ин навъҳои варзиш Тоҷикистонро даванда Даврон Атобоев, гурзандоз Абдуқодир Баротов, камонвар Кристина Зайниддинова ва муштзан Сиёвуш Зуҳуров намояндагӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки Шукрона Шарифова, варзишгари 15-солаи тоҷик, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи шумораи 94-и шаҳри Душанбе, дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур дар сабқати таэквон-до WTF дар вазни то 44 килограмм медали биринҷӣ ба даст овардааст. Ин аввалин медали олимпичиёни навраси Тоҷикистон дар ин Бозиҳо ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG