Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави қонуни Русия дар бораи пулис


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфт, имкон дорад, ки тарҳи қонуни Русия дар бораи полис аллакай аз 1-уми январи соли 2011 эътибори қонунӣ пайдо кунад. Раҳбари Русия аз қонуни нав умедҳои зиёд дорад аммо мунақиддони он мегӯянд, ки имкон ҳаст ислоҳоти ниҳодҳои интизомӣ, ки дер боз мунтазираш буданд танҳо бо ивази ном ва тағироти зоҳирӣ анҷом ёбад.

Тақсими милиса ба полиси федералӣ ва милисаи маҳаллиро баҳори соли ҷорӣ, аъзои палатаи ҷамъиятӣ ва раиси Шӯрои федератсияи Русия Сергей Миронов пешниҳод карда буд. Ва акнун ин истилоҳро Медведев вирди забон оварда дар бораи таърихи пайдоиши ниҳодҳои интизомии нав дар Русияи шӯравӣ ёдовар шуд.

Пулиси Русия ҳирфаӣ ҳоҳад шуд

Ӯ гуфт, ки ҳамоно баъд аз инқилоби Октябр, ниҳодҳои интизомиро милиса унвон карда таъкид мекарданд, ки ин ниҳод наҳваи коргариву деҳқонӣ ё худ ғайриҳирфаӣ дорад. Аммо афзуд раҳбари Русия, ба кишвари мо ниҳоди ҳирфаӣ зарур аст.

Бо вуҷуди ин, Генадиё Гудков муовини раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури амният, бар ин назар аст, ки ивази номи «милиса» ба «полис» ягон маъние надорад.

Вай бо тамасхур савол матраҳ мекунад, ки магар қаблан дар ин ниҳод шахсони ноӯҳдабаро ва бедониш ифои вазифа мекарданд? Ва худаш ба ин савол посух дода мегӯяд ки на, ба милиса нафарони ҳирфаӣ ва таҳсилкардаро интихоб мекарданд.

Ва агар қаблан бо ном «милисаи бозаргонӣ» дар ивазӣ пул амнияти ягон касро таъмин мекард, акнун бо ин кор «полиси бозаргонӣ» машғул хоҳад шуд. Ва бо ивази ном ягон таъғироте ба амал намеояд.

Бо вуҷуди ин, баъзе мутахассион таъғири номро дастгирӣ мекунанд. Анатолий Кучерена, вакили дифоъ дар сӯҳбат бо радиёи Озодӣ гуфт:

«Чун баҳс дар бораи полиси федералӣ меравад, ман фикр мекунам, ки чунин ниҳод бояд ташкил дода шавад. Ин ниҳод пеш аз ҳама бояд бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, фасод дар дохили ниҳодҳои давлатӣ, терроризм ва ифротгароӣ мубориза барад. Он бояд алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳо дар бахши фанновариҳои олӣ ва беинтизомиҳои оммавӣ мубориза барад. Дар ин сурат дастакам маълум мешавад, ки ба доираи масъулияти полиси федералӣ чӣ дохил мешавад».

Мардум тарҳи қонунро баррасӣ мекунанд

Муҳокимаи интернетии тарҳи қонун дар бораи полис бояд то миёнаҳои моҳи сентябр идома кунад. Дар давоми ҳамагӣ ду шабонарӯз, ба сомонаи zakonoproekt2010.ru аз шаҳрвандони кишвар беш 2,5 ҳазор пайём расидааст. Ширкаткунандагони баҳс ба вижа ба бандҳои қонун дар бораи ҳадафҳои полис, самтҳои асосии фаъолияти он, зерпояи ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияташ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Дар паёмҳо беш аз ҳама дар бораи риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, шафофияти фаъолият, адолат ва беғаразона будани кормандони полис ишора мешавад. Муаллифони ин паёмҳо мегӯянд, ки дар милисаи имрӯза ин хислатҳоро намебинанд ва суол медиҳанд, ки баъд аз тағйири ном, ин хислатҳо аз куҷо пайдо хоҳанд шуд.

Банди ҷанҷолбарангез

Шаҳрвандон ба вижа банди қонунро дар бораи ҳуқуқҳои полис мавриди интиқод қарор додаанд. Ҳамин тавр мувофиқи ин тарҳ, корманди полис ҳақ хоҳад дошт барои тафтиши ҳуҷҷатҳо, шахсеро ба мӯҳлати на бештар аз як соат боздошт кунад.

Генадий Гудков саволеро матраҳ мекунад, ки агар ҳуҷҷатҳо ҳамроҳи ин шахс бошад ва ягон шубҳа дар нисбати ин шахс нест, пас чаро вайро бояд барои як соат боздошт кард. Ӯ бар ин назар аст, ки ин банд барои қонуншиканиҳо ва сӯистифода роҳро боз мекунад.

Банди дигари тарҳ ба кормандони полис иҷозат хоҳад дод то ба манзилҳои шаҳрвандон ва корхонаву ширкатҳо бидуни ҳеҷ мамонеъа ворид шаванд, агар боварӣ ҳаст, ки дар онҷо қонуншиканӣ, ҷиноят ё ҳодисаи нохуш ба амал омадааст ва ё ин, ки дар онҷо шахсе ниёз ба кӯмак дорад. Тарҳ шароити ин вазъиятро мушаххас намекунад ва ин ширкаткунандагони баҳси интернетиро низ амиқан нигарон кардааст.

Дигарон ба он ишора мекунанд, ки дар ҷойҳои зиёд, тарҳи қонун дар бораи полис такрори матни қонун мебошад.

Ҳамин тавр, баъд аз парвандаи пур сару садои “Евсюков” илова намуданд, ки ба хидмат дар ниҳодҳои полис ашхоси руҳан ноустувор ва бадмастон роҳ дода намешванд.

Ҳомиёни ҳуқуқи Русия мегӯянд, ки тарҳ ҷонибҳои қавӣ ва заъиф дорад. Людмила Алексеева, мудири Гуруҳи Ҳелсинкии Маскав изҳори ақида мекунад, ки ворид шудани банди нав дар бораи он, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят дар ҳангоми хизмат, гуноҳро сангинтар мекунад, бисёр муҳим аст.

Муҳокимаи тарҳи қонун ҳоло бояд дар Думаи давлатӣ низ сурат гирад, аммо вакилони парлумон аллакай ба камбудиҳои он ишора мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар худи вазорати умури дохилӣ аз тарҳи қонуни нав изҳорӣ қаноъатмандӣ мекунанд. Рашид Нургалиев, вазири корҳои дохилии Русия гуфт, ки қонуни нав ба ҳар як корманди полис имкон медиҳад худро бахши ҷомеъа ҳис кунад. Дар ин сурат корманди полис дарк хоҳад кард, ки ҷомеъа барои дифоъи худ аз бенизомӣ ба ин корманд ваколатҳо додааст.
XS
SM
MD
LG