Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиёни сел ба Покистон 15 миллиард доллар ҳисоб шудааст


Намояндаи аршади Покистон мегӯяд, бозсозии манотиқи селзадаи кишвараш метавонад, ба қимати аз 10 то 15 миллиард доллар тамом шавад. Сафири Покистон дар Бритониё, Шамс-ул-Ҳасан гуфтааст, ин арқом ҳам ниҳоӣ намебошад, зеро дар вазъи феълӣ шумориши пайомадҳои офат ғайримумкин аст. Вай афзуд, танҳо нархи бозсохти роҳу пулҳо, шабакаҳои мухобирот ва иншооти маъмуриро ҳисоб кардааст. Дар ин байн Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, тақрибан ба сеюним миллион кӯдак дар Покистон бемориҳои сироятии обовард таҳдид мекунанд. Ба иттилои ин манбаъ обхезиҳои паёпай ва густарда ба 20 миллион нафар ва панҷяки қаламрави Покистон асар кардааст.
XS
SM
MD
LG