Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари ҳалокати раҳбари ҲИӮ Тоҳир Юлдош


Бино ба хабарҳои расида, яке аз саршиностарин ситезаҷӯёни исломии Осиёи Марказӣ, раҳбари Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва аз шарикони Ал Қоида, Тоҳир Юлдош, кушта шудааст. Созмони SITE Intelligence Group, ки дар Амрико марказ дошта, мухобироти ситезаҷӯёнро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, Ҳаракати исломии Ӯзбакистон як силсила аксҳои шахси мурдаеро аз тариқи интернет фиристода, гуфтааст, ки ин шахси ришдор раҳбари ҳаракат Тоҳир Юлдош аст. Иттилои бештаре дастрас нашуда ва санҷиши ҳақиқати ин иттилоъ аз тариқи манобеи мустақил низ ғайриимкон аст. Дар хабарҳо гуфта мешавад, чандин бор аз ҳалокати Юлдош иттилоъ пахш шудааст ва охирин бор дар соли гузашта, вақте мақомоти истихборотии Покистон гуфтанд, вай дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бехалабон дар Вазиристони Ҷанубӣ, дар наздики марзи Афғонистон ба ҳалокат расидааст.
XS
SM
MD
LG