Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Қирғизистон ба раҳоии 11 шаҳрвандаш дар Ӯзбакистон


Намояндагони вазоратҳои умури хориҷии Қирғизистон ва Ӯзбакистон дар як мулоқот дар марзи ду кишвар масъалаи раҳоии 11 шаҳрванди Қирғизистонро, ки ҳангоми интиқоли маводи тарконанда дар Ӯзбакистон бозошт шудаанд, баррасӣ карданд. Ин афрод 23-юми июл бо иттиҳоми интиқоли 40 тонна маводи мунфаҷира аз Тоҷикистон боздошт шуданд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ин мавод барои корҳои кӯҳканӣ харидорӣ шудааст. Аммо Тошканд мегӯяд, барои интиқоли чунин мавод аз қаламрави Ӯзбакистон иҷозатномаи махсус зарур буд.
XS
SM
MD
LG