Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дипломати руминиро ба ҷосусӣ айбдор кард


Хадамоти амнияти Русия котиби аввали шӯъбаи сиёсии сафорати Руминия дар Маскав, Габирел Грескуро ба фаъолиятҳои ҷосусӣ айбдор кард. Ин ниҳод мегӯяд, дипломатро дар пайти гирифтани маълумоти махфии ҳарбӣ аз як шаҳрванди Русия боздошт кардааст. Сафорати Руминия дар Русия ин хабарро шараҳ надодааст. Хадамоти амнияти Русия Грескуро шахси дилнохоҳи Русия эълон карда, барояш 48 соат мӯҳлат додааст, ки қаламрави Русияро тарк кунад.
XS
SM
MD
LG