Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон иншооти нави ҳастаӣ месозад


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, ба қонуни идомаи ғанисозии уран ва коҳиши ҳамкорӣ бо Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ имзо кард. Ин қонун ҳамкории Эронро бо ин оҷонси Созмони Милали Муттаҳид дар ҳадди Созишномаи адами густариши силоҳи ҳастаӣ маҳдуд мекунад. Бино ба навиштаи матбуоти Эрон, қонуни нав ба ҳадди 20 дарсадӣ расондани ғанисозии уранро тақозо мекунад. Раиси Созмони энержии атомии Эрон, Алиакбар Солеҳӣ эълом дошт, кишвараш ҳадаф дорад, иншооти бештари ғанисозии уранро дар умқи манотиқи кӯҳӣ бунёд кунад. Кишварҳои Ғарб шубҳа доранд, ки фаъолиятҳои ҳастаии Эрон барои сохтани силоҳи атомист, вале Теҳрон ин иттиҳомотро батакрор рад кардааст. Созмони Милал дар моҳи июн бастаи чаҳоруми таҳримҳои зидди барномаи ҳастаии Эронро ба тасвиб расонд.
XS
SM
MD
LG